Меҳрнигори Рустам: «Дар рӯбарӯям имтиҳони ҷиддиест…»

Октябрь 12, 2013 18:43

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи 14-уми октябр, соати 17:00 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов консерти академии донишҷӯи курси сеюми бахши сурудҳои академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ҳунарманди шинохта  Меҳрнигори Рустам баргузор мегардад. 
Тавре худи Меҳрнигори Рустам ба хабарнигори «Ховар» гуфт, тасмими баргузор намудани ин консертро бо ҳидояти роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва тавсияи дӯстону наздиконаш гирифтааст. Дар ин консерт Меҳрнигор сурудҳои академие чун «Таронаи баҳор», «Ишқи ман», «Интизорӣ», «Ёри ҷон» ва амсоли инро месарояд. 
Меҳрнигор гуфт, дар ин консерт Бурҳон Маҳмадқулов – ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат хоҳад дошт, аз ин рӯ консерти мазкур бароям боз як имтиҳони ҷиддиест.  
Зимнан, Меҳрнигор Рустам аз зумраи ҳунармандонест, ки бо садои хубу таронаҳои марғубаш қалби доираи зиёди мухлисони худро тасхир кардааст. Ӯро асосан мухлисон бо таронаҳе чун «Бибиҷонам», «Ҳинобандон», «Паррандаҳо» ва амсоли он мешиносанд. 

Октябрь 12, 2013 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд