Медали варзишгарон аз мусобиқаи якҳарбаи шарқӣ
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Чор варзишгари тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба муҳорибаи якҳарбаи шарқӣ, ки дар шаҳри Ригаи Латвия ҷараён дошт, соҳиби се нишони тилло ва як нуқра гардиданд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур, ки намояндагони 20 кишвари ҷаҳон аз ин риштаи варзиш иштирок доранд, Тоҷикистонро 4 нафар варзишгар, як мураббӣ ва як довар намояндагӣ карданд. Зимни рақобат варзишгарони тоҷик Аҳмад Давлатов дар вазни 32 кг категорияи 9-10 сола, Шаҳриёр Кабиров дар вазни 32кг, категорияи 11-12 сола, Умарҷон Давлатов дар вазни 70кг, категорияи 15-16 сола сазовори ҷои аввал ва нишонҳои тиллоӣ шуданд. Шамшер Сафаралиев дар вазни 34 кг категорияи 11-12 сола сазовори ҷои дуввум ва медали нуқра гашт. Ҷоми ҷаҳон оид ба К-1 доир шуд, ки дар он варзишгарони ин риштаи варзиши 20 кишвар ширкат доштанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






