Меъёри бозтамвил 0,6 банди фоизӣ поин бурда шуд

Октябрь 9, 2013 09:52

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). –  7 октябри соли равон бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвил ба андозаи 0,6 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 5,5 фоизи солона муқаррар гардид. 
    Тағйироти навбатӣ бо мақсади таъмини самараноки сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ворид  шудааст. 
Зикр кардан бамаврид аст, ки маротибаи аввал  имсол меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 8 июли соли равон ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст  шуда буд. 
     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти  БМТ хабар доданд.

Октябрь 9, 2013 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад