Минбаъд мақомот БДА-ро аз вазъи роҳҳо огоҳ месозад
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд мақомоти давлатӣ, субъектҳои вобаста ба таъмиру таҷдид ва сохтмони роҳу кӯпрукҳо масъуланд, то Бозрасии давлатии автомобилиро /БДА/ огоҳ созанд, ки ҳаракат дар роҳ маҳдуд ва ё қатъ гардонида шудааст. Дар ин росто вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба қисми 7-и моддаи 44-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» тағйирот ворид намуданд.
Рустам Менглиев -вазири адлияи кишвар мегӯяд, ки қаблан дар қисми 7-уми моддаи 44-и лоиҳа қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» мақомоти давлатӣ ҳангоми маҳдуд ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳ вазифадоранд, ки БДА-ро огоҳ созанд, пурра нишон дода нашуда буд ё худ ба таври дақиқ нақши мақомоти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо пешбинӣ нагардида буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






