“Мо бо Президентем”-аксияи ҷавонон дар Мастчоҳ
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои гуруҳи муштараки таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии номзад ба Президенти Тоҷикистон дар қисми низомии 2850 бо сарбозону афсарон мулоқот анҷом доданд. Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ иштирокчиён аз дастоварҳои замони истиқлол сухан гуфта, онҳоро ба иштироки фаъолона дар интихоби сарвари давлат даъват намуданд. Ҳамчунин мулоқоти судманди намояндагон бо доираи васеи насли ҷавон ва аҳолии ноҳияи Мастчоҳ доир гашт.Гуфта мешавад, ки ҷиҳати дастгирии Президенти феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст 2-юми ноябри соли равон дар маркази ноҳия аксияи ҷавонон таҳти унвони “Мо бо Президентем” бо ширкати 5000 ҷавон доир гардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






