Молияи давлатӣ ва идоракунии фискалӣ
Душанбе,23 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дирӯз, 22 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Молияи давлатӣ ва идоракунии фискалӣ» кори худро оғоз кард. Конфронси мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии самарабахши фаъолияти Донишкадаи молияи Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, ҷараён дорад.Дар кори конфронс беш аз 60 нафар олимону иқтисоддонон ва коршиносон иштирок доранд. Дар конфронс меҳмонон аз Белгия профессор М. Домбрехт аз Донишгоҳи Брюссел, ҷонишини директор оид ба масъалаҳои стратегӣ ва идораи хавфи хазинадорӣ-агентии қарзӣ Бруно Деберг аз Британияи Кабир, доктори фанҳои иқтисодӣ аз Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин Б.Ишенов, докторони илмҳои иқтисод аз донишгоҳҳои Маскав ва олимони тоҷик аз пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, Вазорати молияи ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон ва коршиносони дигар маърӯза намуданд. Конфронси мазкур доираи васеи мавзуъҳои вобаста ба идораи молияи давлатӣ, сиёсати буҷети давлатӣ, сиёсати монетарӣ, сиёсати андоз ва сармоягузорӣ ва рушди иқтисодиро дар бар мегирад.Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Дастгирии самарабахши фаъолияти Донишкадаи молияи Тоҷикистон» ду сол аст, ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ин лоиҳа барои кӯмак ҷиҳати интихоби роҳҳои дуруст барои аз худнамоии усулҳои беҳтарини таълим дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, аз ҷумла дар самти иқтисод ва молия, баланд бардоштани сатҳи таълим ва тайёр намудани мутахассисон, беҳтар намудани самаранокии фаъолияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани он пешбинӣ шудааст. Конфронс имрӯз кори худро идома медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






