Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Коикэ баргузор гардид.
Тавре ки аз Котиботи Вазорати молияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот перомуни масоли мубрам ва дурнамои ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои молиявию бонкӣ ва фаъолияти мухталиф мубодилаи афкор баргузор гардид. Зимни мулоқот ҳамчунин масоили рушди муносибатҳо дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи савдо, соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҷалби сармояҳо ва аҳамияти рушди бахши инфиродӣ дар кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба натиҷаи рушди иқтисодии кишвар ва аҳамияти воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва муҳокимаи масоилу дурнамои ҳамкории мутақобила таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






