Муҳокимаи Созишномаи Сочи
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Татбиқи созишномаи аз ҷониби сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати мусоидат ва кӯмаку дастгирии Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани амнияти сарҳадӣ бо Афғонистон, ки 23- юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ба тасвиб расид, аз мавзуоти меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа буд, ки 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гашт. Николай Бордюжа баъди мулоқоташ бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Мо масоили татбиқи амалии расонидани кӯмакҳо ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем. Мавсуф бо зикри муҳиммияти татбиқи ин созишнома иброз намуд, ки: «Тибқи ин созишнома бояд артиши Тоҷикистон бо техникаҳои наву муосир ва таҷҳизоти низомии лозимӣ таъмин карда шавад». Ба иттилои Н. Бордюжа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ҷиҳати мушаххас намудани ин кӯмакҳо ва масоили молиявии он гуруҳи корӣ таъсис хоҳад дод. Дар охир Н. Бордюжа гуфт, ин созишнома бояд дар давоми се моҳ татбиқ гардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






