Муаррифии «Дидор аз Мурғоб»

Октябрь 18, 2013 11:26

Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Дар нимаи дуюми имрӯз дар Китобхонаи миллӣ муаррифии китоби тозанашри Ҳотам Файзуллоев, корманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дидор аз Мурғоб» сурат мегирад.Китоби мазкур аз аввалин сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи дурдасти Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва бахусус, деҳаи Аличур қисса менамояд. Хонанда ба ҷараёни як сафари кории Президенти кишвар дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар дар соли 1995 ошно мегардад.Китоби «Дидор аз Мурғоб»-и Ҳотам Файзуллоев барои хонандагони гуногун, аз ҷумла хонандагони мактабҳои миёна ва наврасону ҷавонони сини гуногун барои мутолиа тавсия гардидааст.Китоби «Дидор аз Мурғоб»- и Ҳотам Файзуллоев аввалин китоби бадеие аст, ки дар мавриди фаъолиятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нақл менамояд. Ин китоб бо тарз ва услуби бадеӣ иншо гардида, барои дарк ва фаҳмиши насли наврас мувофиқ мебошад.Китоби «Дидор аз Мурғоб» бо ду забон тоҷикӣ ва англисӣ чоп гардидааст. Тарҷумаи забони англисии китоб метавонад доираи хонандагони ин китобро берун аз кишвар низ васеътар намуда, барои муаррифии кишвар ва бахусус фаолиятҳои Сарвари давлат дар солҳои аввали Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Октябрь 18, 2013 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад