Мулоқот дар ҳузури Александр Лукашенко
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 21 октябр Президенти Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Минск бо роҳбарони васоити ахбори оммаи кишварҳои аъзои ИДМ мулоқот анҷом дод.Назар ба хабари БЕЛТА (Агентии иттилоотии Беларус), Александр Лукашенко мутмаин аст, ки бояд Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун омили ягонаи муколама ва қабули қарорҳои муштарак нигоҳ дошта ва рушду густариш дода шавад. Ба фикри сарвари давлати Беларус, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷуз ташкили иттиҳодияи нав имконияти дигари таърихӣ вуҷуд надошт. Александр Лукашенко ҳамчунин қайд намуд, ки дар равандҳои ҳамгироӣ ҳоҷати ҳамеша рӯ овардан ба Иттиҳоди Аврупо нест. Александр Лукашенко ба иштирокдорони мулоқот рӯ оварда, хотирнишон сохт, ки мулоқот дар арафаи ҳамоиши роҳбарони давлатҳои ИДМ, ки дар шаҳри Минск баргузор мегардад, сурат мегирад. Мавсуф дар робита бо ин, журналистон ва роҳбарони васоити ахбори оммаи ИДМ – ро даъват намуд, ки мулоқотро дар қолаби гуфтугӯи ошкоро ва бидуни мавзӯҳои пӯшидаю манъшуда рӯи кор оранд.Хотирнишон месозем, ки дар мулоқоти Президенти Беларус А.Лукашенко бо роҳбарони ВАО кишварҳои Иттиҳод Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсуддинов ширкат дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






