Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Леонид Кожара
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 16 октябри соли 2013 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба фаъолияти САҲА, аз қабили муқовимат бо чолиш ва хатарҳои нав ба амну субот ва роҳу усулҳои боз ҳам баланд бардоштани самаранокии моҳияти созмон табодули назар карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украинаро дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина «Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Украина барои солҳои 2014-2015»-ро ба имзо расонданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






