Мулоқоти Ҳомид Карзай бо Оқил Оқилов дар Душанбе
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар доираи сафари расмии худ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон бо Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мулоқот анҷом дод.
Тавре ки ар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Оқил Оқилов сафари роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Афғонистонро ба Тоҷикистон тадбир ва талошҳои дуҷонибаи навбатии байнидавлатӣ дар роҳи татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту энергетика, иқтисоду тиҷорат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҳамдастӣ дар роҳи муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир арзёбӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, боло бурдани сатҳи тиҷорати байнидавлатӣ ва рушди муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу маорифро мавриди баррасӣ қарор додаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






