Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрўз Президенти Ҷумҳурии Афғонистон Ҳомид Карзай ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи КАСА – 1000, лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон – Туркманистон аз мавзуоти меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай буд. Роҳбарони ду кишвар зимни гуфтушунидҳо, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил доир гардиданд, дар баробари баррасии мавзуоте, чун таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорат, транзити молу коло ва тақвияти ниҳодҳои интизомӣ, омодагии худро ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд изҳор доштаву самтҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дўстонаи миёни ду кишварро муайян карданд. Инчунин бо таваҷҷуҳ ба марзи тўлонӣ ва муштараки ду кишвар масоили амнияти марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин бахш муҳокима гардиданд. Ҳамчунин дар давоми рўз баргузории мулоқоти ҳайатҳои васеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, баимзорасии санадҳо ва изҳороти муштараки матбуотӣ дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






