Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алиасғар Шеърдӯст
Душанбе, 10 октябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Шеърдӯстро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми намоёни Алиасғар Шеърдӯст дар таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар муҳлати сафирии ӯ баҳои баланд дод.
Зимни суҳбат доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлӯи ду кишвар гуфтугӯй сурат гирифт.
Алиасғар Шеърдӯст бо ишора ба дилбастагии худ ба Тоҷикистон ва мардуми меҳмоннавози он изҳор дошт, ки минбаъд низ барои рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар саҳмгузор хоҳад буд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






