Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Леонид Кожара
Душанбе, 16 октябр (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожараро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲА ва дурнамои он баррасӣ шуд. Аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар се самти асосии фаъолияти САҲА – сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ва ҳам гуманитарию дигар самтҳо изҳори қаноат карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, аз ҷумла дар вобастагӣ бо вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва мушкилу монеаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.
Леонид Кожара изҳор дошт, ки бо назардошти мавқеи стратегии Тоҷикистон дар ин минтақа САҲА, аз ҷумла дар давраи раёсати Украина дар он, аз нақшаю тадбирҳои судбахши кишвари мо пуштибонӣ хоҳад кард.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






