Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Михаэл Глос
Душанбе, 2 октябр (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеролии Олмон Михаэл ГЛОС-ро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла робитаҳои рушдёбандаи миёни парлумонҳои ду кишвар баррасӣ шуд.Бо таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Олмон ҳарду ҷониб дурнамои ин равандро умедбахш номиданд.Изҳори итминон карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории васеъ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба нафъи ҳарду давлат ва шарикони минтақавии онҳо хоҳад буд.Михаэл Глос изҳор дошт, ки Олмон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон сидқан ҳавасманд аст.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






