Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Наришкин
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба паҳлӯҳои гуногуни муносибатҳои бисёрҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугӯй сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Русия барои Тоҷикистон ҳамшарики стратегӣ ва кишвари аз ҳама ҷиҳат басо наздик аст ва мо бо он ҳазорон пайвандҳои ногусастанӣ дорем”.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Русияро қариб 240 санади дуҷониба ташкил медиҳад ва 30 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Таъкид гардид, ки санади дуҷонибаи ба тозагӣ ба тасвибрасида дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ба нафъи ҳарду кишвар ва таҳкими муносиботи стратегии онҳо хизмат хоҳанд кард. Ба муҳлати то 15 рӯз дароз карда шудани муҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон пас ворид шудан ба қаламрави Русия ва ба муддати то 3 сол дода шудани иҷозатномаи кор ба муҳоҷирони корӣ дастоварди мувофиқати муҳим номида шуд.
Барои афзоиш додани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия, ки рӯй ба коҳиш овардааст, аз ҷумла фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ба кор даровардани дигар омилҳои муассир зарур шумурда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои мустақими минтақаҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 80 субъекти минтақавии Русия ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “дар ин кор Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” намоён ва арзандаи таҳсин аст”.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва фарҳанг низ зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






