Мулоқоти М.Муинова бо ҷавонони Колеҷи тарбияи ҷисмонӣ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Бо мақсади баланд бардоштани маърифату сатҳи огоҳии насли наврас ва ҷавонон оид ба талаботу моҳияти қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дар замири насли ҷавон боло бурдани эҳсоси баланди миллӣ, худшиносиву ватандўстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дар Колеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикситон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинова бо муҳассилин ва донишҷуёни ин муассиса мулоқот анҷом додааст.
Тавре дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муовини раис аз муҳассилин даъват ба амал овард, то дар пайи омўзиши насли наврас талош кунанд. Ба гуфтаи Муйнова маҳз дар натиҷаи омўзиши ҷиддӣ инсон метавонад ба мақсуд бирасад ва комёру муваффақ гардад.
-Аз рўзи қабули Қонуни мазкур то имрўз муддате гузаштааст ва дар ин ҷода аз ҷониби масъулини сохторҳои давлативу ниҳодҳои мухталифи ҷомеа корҳои зиёде ба сомон расонида шудаву ҳамеша ҷараён дорад, гуфт Мавсума Муинова зимни мулоқот бо ҷавонони Колеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






