Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Корея
Душанбе, 5 октябр (АМИТ «Ховар»).- 4 октябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Гю-Хён Ким баргузор гашт. Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба кори Анҷумани ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар таҳким ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея нақши муҳим мебозад, баҳои баланд доданд. Мусоҳибон таваҷҷуҳи худро ба ҳолати кунунӣ ва зарурати мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни ду кишвар равона намуданд. Аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки мавзуи ҳамкориҳо дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тиб ва дорусозӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Ҷонибҳо зарурати таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии робитаҳои дуҷонибаро муҳим арзёбӣ карданд. Гю-Хён Ким қайд кард, ки кушодани Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Душанбе моҳи июни соли 2008 ба рушди муносибатҳои ду кишвар такони нав бахшид ва ҷониби Корея ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ҳавасманд аст. Зимни мулоқот инчунин масоили барқарор намудани алоқаҳо дар соҳаи фарҳанг, истифодаи таҷрибаи Корея дар бунёди шабакаҳои коммуникатсионии Тоҷикистон, ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






