Мулоқоти Намояндаи Тоҷикистон бо Комиссари Аврупо
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев бо Комиссари Аврупо оид ба масоили Рушд Андрис Пибалгс баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъу дурнамои рушди минбаъдаи равобити байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи Созишномаи мушорикату ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.Зимни мулоқот ҷараёни мусбати рушди ҳамкорӣ дар ҳошияи сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссел моҳи апрели соли 2013 зикр гардид. Мусоҳибон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки алҳол дар Тоҷикистон лоиҳаҳои дуҷониба ва минтақавии Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми тақрибан 200 миллион евро дар амал татбиқ мешаванд. Рустамҷон Солиев ва Андрис Пибалгс самтҳои асосии ҳамкории дуҷониба дар ҳошияи Стратегияи ояндаи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин сармоягузории Аврупои Муттаҳид ба бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба машварати пешорӯи роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 20 ноябри соли равон дар шаҳри Брюссел баргузор мешавад, дахл карданд.Рустамҷон Солиев ва Андрис Пибалгс аз рӯи масоили амнияти минтақа ва ҳамкорӣ, ҳамчунин вазъияти Афғонистон табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






