Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо раиси Китобхонаи миллии Покистон
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо раиси Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Ғаюр Ҳусейн мулоқот анҷом дод. Сафир дар ҷараёни мулоқот китобҳои ба забони англисӣ чопшудаи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва нашрияҳои дигареро, ки аз таърихи Тоҷикистон ва ҳаёти иҷтимоию фарҳангии кишварамон нақл мекунанд, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супурд.Саид Ғаюр Ҳусеён дар навбати худ қайд намуд, ки ин китобҳои нодир хазинаи китобхонаро пурра ва ғанӣ мегардонанд. Мавсуф зикр намуд, ки мардуми Покистон ба таърих, фарҳанг, адабиёт ва дастовардҳои илмии халқи тоҷик мароқи зиёде зоҳир менамояд. Зимни мулоқот аҳд шуд, ки Китобхонаи миллии Покистон бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри супурдани нусхаҳои электронии ҳамаи китобҳое, ки дар хазинаҳои китобхонаи мазкур маҳфузанд, ҳамкорӣ менамояд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






