Мулоқоти вакил бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакили Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатзода зимни сафари худ ба шаҳри соҳили Неваи Русия — Санкт -Петербург ва иштирок дар кори ҷаласаи гуруҳи кории Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таҳияи қонуни намунавӣ «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан, ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ» ҳамзамон бо муҳоҷирони тоҷик мулоқот намуд. Вакили Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот доир ба фаъолияти мақоми олии қонунбарор, интихоботи қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон маълумоти мукаммал дода, ба саволҳои сершумори муҳоҷирони тоҷик посух дод. Аксари муҳоҷирини тоҷик изҳор доштанд, ки ба тарафдории номзад аз Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон овоз хоҳанд дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






