Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

Октябрь 21, 2013 13:17

Душанбе, 21 октября (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Маросими истиқболи расмӣ дар саҳни ҳавлии назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ дар майдон саф оростанд.Меҳмони олимақомро дар назди Қасри Миллат Президенти кишвар Эмомалї Рањмон истиқбол гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳарду давлат аз назди қатори сарбозон ва шиносоии мутақобила бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.  Зимни мулоқоту музокирот маҷмӯи васеи мавзӯъҳо ва масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти барқии баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид.Ба омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар лоиҳаҳои ояндадор низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.Бо қаноатмандӣ аз афзоиши бесобиқаи робитаҳои тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла таъкид гардид, ки тайи 8-10 соли охир ҳаҷми мубодилаи мол миёни онҳо 100 баробар афзудааст ва Афғонистон ҳоло дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар мақоми панҷум қарор дорад. Мувофиқасозӣ ва ба имзо расондани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон омили таконбахши бештари чунин ҳамкорӣ номида шуд.Бо ёдоварӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар самти пурзӯр намудани ҳифзи марзи муштараки давлатӣ ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа ҳарду ҷониб бар зарурати густариши чунин робитаҳо таъкид доштанд.Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба идомаи кумак ба сохторҳои Афғонистон барои омӯзиши кадрҳои низомию марзбонӣ, табибон, мутахассисони роҳи оҳан ва дигар соҳаҳо таъйид намуд. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироии байналмилалии ду кишвари ҳамсоя сурат гирифт.Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Тоҷикистону Афғонистон 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳо;- Протокол дар бораи ворид намудани илова ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2005.- Созишнома миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғурта;- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба;Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ба натиҷаи мулоқоту музокироти имрӯза баҳои баланд дода, дурнамои муносибот ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишварро умедбахш номиданд.

Октябрь 21, 2013 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад