Мушоҳидони ИДМ маъракаи интихоботиро назорат мекунанд
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Бо Даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони ИДМ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ситоди он 11 октябри соли ҷорӣ ба омӯзишу назорати маъракаи интихоботӣ шурӯъ намуданд. Роҳбарии ҳайатро раиси Кумитаи иҷроия — муншии иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба ӯҳда дорад.
Дар ҳошияи мушоҳидаи интихоботи президент ва оғози кори ситоди ҳайати мушоҳидони ИДМ мулоқоти муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – Муншии иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба интихоботи пешорӯи Президенти Ҷумҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот аз ҷараёни маъракаи интихоботӣ хабар дода, зикр намуд, ки барои мушоҳидаю назорати интихоботи президент шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Владимир Гаркун дар навбати худ перомуни принсипҳои фаъолияти ҳайати мушоҳидони ИДМ ва ташкили кори он сухан ронд. Мувофиқи суханони мавсуф, омӯзишу назорати интихобот дар принсипҳои бетарафии сиёсию холисона, дахолат накардан ба ҷараёни рафти интихобот ва корҳои дохилии давлат сурат мегирад.
Фаъолияти мушоҳидони ИДМ – ро ситоди ҳайат, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, танзим менамояд.
Худи ҳамон рӯз мулоқоти Владимир Гаркун бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор гардида, ҷонибҳо дар ҷараёни он масоили ташкилу гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Намояндагони ҳайати мушоҳидони ИДМ нишасти матбуотӣ доир намуда, дар он ба журналистон аз иҷрои кор ба манзури ташкили фаъолияти ҳайат хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






