Мусобиқаи ҷумҳуриявии баскетбол

Октябрь 21, 2013 09:58

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз 21 то 25 октябр бахшида ба хотираи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Муродов дар толори Мактаби варзишии махсуси кўдакону наврасони захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии баскетбол миёни писарони соли таваллуди 1996 ва аз ин хурд доир мегардад. Дар назар аст, ки дар чорабинӣ ҳайати дастаҳои вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт, шаҳри Душанбе ширкат варзанд. Ғолибону ҷоизадорон бо диплому медалҳо мукофотонида мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

Октябрь 21, 2013 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш