Мусобиқаи гӯштини самбо дар Кӯлоб

Октябрь 18, 2013 14:00

 
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). —  19-20 октябр дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо баргузор мегардад. Дар он  дастаҳои варзишгарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон,  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,   шаҳру ноҳияҳои тобеи мамлакат ва водии Рашт ширкат хоҳанд варзид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд. 
 

Октябрь 18, 2013 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш