Мусобиқаи парашютпартоӣ дар Фахробод
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ба наздикӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ (ТҶММ) бахшида ба иди Сарқонуни ҶТ таҳти унвони «Фахробод» чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба парашютпартоӣ баргузор мегардад. Дар он варзишгарони Клуби миллии ҳавопаймоии ТҶММ бо тайёраи АН-2 аз парашютҳои варзишӣ ҷаҳиш анҷом медиҳанд.
Тавре ки котиби матбуотии ТҶММ ҶТ Абдурақиб Қодиров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар айни ҳол корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқа идома доранд.
Чорабинӣ дар Фахробод баргузор гардида, дар он варзишгарон аз рӯи намуди дақиқ ва дуруст фаромадан бо парашют ба нуқтаи муайяншуда миёни худ қувваозмоӣ хоҳанд намуд.
Бояд гуфт, ки барои рушди ин намуди варзиш бо маблағгузории Ҳукумати ҶТ ҳавопаймои АН-2 ва парашютҳои варзишӣ харид шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






