Мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи дзюдо

Октябрь 25, 2013 10:41

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Аз 25 то 27 октябр дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи гӯшти тарзи дзюдо байни ҷавонону наврасон барои дарёфти мукофоти маъмурияти ин шаҳр баргузор мегардад. Тавре ки яке аз ташкилкунандагони мусобиқот президенти Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск Эргаш Маҳмадбеков хабар дод, то имрӯз 17 минтақаи Русия ва 6 кишвари хориҷи дуру наздик барои иштирок дар мусобиқот дархост додаанд. Эргаш Маҳмадбеков, аз ҷумла, зикр намуд, ки дар мусобиқот ҳамчунин варзишгарони Тоҷикистон иштирок менамоянд. Теъдоди аъзои дастаҳо ба ҳисоби миёна қариб 20 нафарро ташкил медиҳад. «Соли гузашта варзишгари номӣ, қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо, ҷоизи чоркаратаи мусобиқоти ҷаҳон ва ҷоизи дукаратаи олимпиада Тамерлан Тменов меҳмони фахрии мусобиқоти мо буд. Мавсуф имсол ҳам меҳмони мо мешавад», — гуфт Эргаш Маҳмадбеков. Маҳмадбеков дар хотима зикр намуд, ки минбаъд ба мусобиқоти оянда меҳмонон аз Ҷопон, Чин, Куриё ва кишварҳои Аврупо даъват карда мешаванд.

Октябрь 25, 2013 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш