Мусодираи беш аз 10 кило маводи нашъадор дар ҷануби кишвар
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Зиёда аз 10 кило маводи нашъадор ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Панҷ дарёфт ва мусодира гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ғуломёр валади Қосим, соли таваллудаш 1974, сокини вилояти Кундуз ҳамчун гумонбар дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи ӯ маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд, ки вазни умумиаш 10 килою 260 граммро ташкил дод. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қисми 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






