Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд

Октябрь 22, 2013 11:43

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 21 октябр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» маросими ботантанаи мукофотонии намояндагони ноҳияи Спитамен, ки дар вилояти Хуҷанд аввалин шуда, нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кардаанд, баргузор гардид. Назар ба хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Қоҳир Расулзода Ифтихорномаро ба раиси ноҳияи Спитамен супурд. Ҳамзамон натиҷаи даҳаи дуюми маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардида, чинакчиёни ноҳияи Зафаробод ҷойи аввал ва намояндагони ноҳияи Ашт ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Ғолибон бо таносубан 20 ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Октябрь 22, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард