Намоишгоҳи сангҳои қиматбаҳо

Октябрь 8, 2013 11:11

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – Ба ифтихори Рӯзи забони миллӣ дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ таҳти унвони «Пешниҳоди амволи саноати ва сангҳои қиматбаҳо, ҳамчунин маҳсулоти косибон» ифтитоҳ гардид.Дар ин ҷо армуғони гуногун, зардӯзӣ, бозубанду гӯшвор, зарфҳои зебо ва ғайра ба маърази намоиш гузошта шуданд. Мувофиқи суханони ташкилкунандаи намоишгоҳ — муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Рухом» Шаъша Куканшоева, корхонаи «Рухом» ҳанӯз соли 1994 дар заминаи Иттиҳодияи истеҳсолии «Помирквартсамосвети» ҳамчун ширкати муштарак таъсис ёфта ва соли 2000 – ум ба ҳайси ҷамъияти шахсии илмию истеҳсолии дорои масъулияти маҳдуд ба қайд гирифта шуда буд. 

Октябрь 8, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш