Нашри Донишнома барои кӯдакон
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Кӯдакону наврасони Тоҷикистон соҳиби китоби гаронбаҳо хоҳанд гашт, зеро аз ҷониби кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бори нахуст дар ҷумҳурӣ «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» дар нашриёти «Эр-граф» бо теъдоди 800 нусха нашр гардид. Китоб бо расму мусаввараҳои ҷолиб, маводи хонданбоб хеле шавқовар буда, барои чӣ хурдсолону чӣ калонсолон хеле зарур аст.«Донишнома» маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳои таърихии олам, дар шинохти ниёгони тоҷикон, давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмрони эронитаборон аз қадим то давраи нави таърихӣ, маълумот дар бораи кайҳон ва ҷирмҳои осмонӣ, техника, олами ҳайвоноту набобот ва одам, маълумоти мухталифи ҷуғрофӣ, санъат ва ғайраро дар бар мегирад. Бештари маводи ин китоб вобаста ба таърихи миллати тоҷик ва ғановати табиии Тоҷикистон аст. «Донишнома» барои кӯдакони аз 8 — сола боло ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






