Натиҷаи хидматрасонии ФБД тайи нӯҳ моҳ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҷаласаи кормандони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зикр гардид, ки тайи нӯҳ моҳи соли равон ба 538 ҳазору 922 нафар мусофирони хориҷшаванда ва 415 ҳазору 655 нафар мусофирони воридшаванда хидмат расонида шудааст.
Назар ба хабари котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе М.Шодиев, дар ҷаласа муовини директори генералии фурудгоҳ А.Иброҳимов фаъолияти фурудгоҳро тавсиф карда, қайд намуд, ки то имрӯз фурудгоҳи Душанбе бо 24 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар ҷаласа сардори шӯъбаи фурудгоҳҳо ва амнияти ҳавопаймоҳои Сарраёсати ҳавопаймоии мулкии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ А.Нуров натиҷаи фаъолияти фурудгоҳи шаҳри Душанбе тайи 9 моҳи соли ҷориро ба таври мусбат арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






