Наврасони имконияташон маҳдуд соҳибкасб мегарданд
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ҷиҳати расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, одамони ғайри қобили меҳнат, кўдакони имконияташон маҳдуд ва шахсоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, дар шаҳру ноҳияҳо 16 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва будубоши рўзона амал менамояд, ки ҷамъ 429 нафар кормандони маъмурию иҷтимоӣ ба 2296 нафар муштариён хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ тиббӣ, равонӣ, машваратӣ, ҳуқуқӣ, маърифатӣ, миёнаравӣ-намояндагӣ расониданд. Даҳ адади ин марказҳо аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорат ва шаш адади он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд. Дар марказҳои будубоши рўзона, ки таҳти сарпарастии вазорат фаъолият менамоянд, ба 781 нафар кўдакони имконияташон маҳдуди эҳтиёҷманд тавонбахшии иҷтимоию тиббӣ, чорабиниҳои офиятбахшии иҷтимоӣ, солимгардонии ҷисмонӣ, равонӣ, рушди зеҳнӣ ва ҳампайвандӣ бо ҷомеа гузаронида, онҳоро се маротиба дар як рўз бо ғизои гарми мувозишуда таъмин менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар Маркази «Парасту»-и шаҳри Кўлоб ва Маркази «Ситора»-и ноҳия Восеъ ба наврасони имконияташон маҳдуд касбҳои дўзандагӣ, куҳнадўзӣ ва кор бо компютер таълим дода мешаванд. Ҳоло дар марказҳои минтақавӣ барои пиронсолон ва маъюбон 101 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан умр ба сар мебаранд, ки ба онҳо хизматҳои беҳдоштӣ ва тамйизӣ низ расонида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






