Нигаронии шаҳрдор аз фаълияти марказҳои дилхушӣ

Октябрь 30, 2013 10:27

Душанбе, 30 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ахиран шаҳрдории Душанбе дар ҷаласае аз фаъолияти марказҳои дилхушии пойтахт, хусусан риоя нагардидани реҷаи корӣ дар онҳо изҳори нигаронӣ намудааст. Зикр шуд, ки то ҷое воқеият собит месозад то ҳанӯз бархе аз марказҳои дилхушии пойтахт бархилофи низомномаи шаҳр ва қоидаҳои тартиботи ҷамъиятию санитарӣ ва ободонии пойтахт то субҳгоҳон фаъолият намуда, дар косташавии одоб ва таблиғи зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад ва набояд бо ин ҳолат таҳаммул кард.   Дар ин росто Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳр ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар пойтахт ва соири ниҳодҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дастур дод, ки барои ҷилавгирии фаъолияти ғайриреҷавии марказҳои дилхушӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, нисбат ба хилофкорон чораҳои пешбининамудаи қонунгузории кишварро шадидан татбиқ созанд. 

Октябрь 30, 2013 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш