Нозирони МБП ИДМ ба Тоҷикистон омаданд
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 23 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти нозирони Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати назорати интихоботи Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҳайати ИДМ баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ хабар доданд, зимни мулоқот масоили ҳамкории нозирони Маҷмааи байнипарлумонӣ ва ситоди ҳайати умумӣ дар ҳошияи мушоҳидаю назорати кӯтоҳмуддат рӯзи овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Нозирон хатсайрҳои назоратро муайяну мувофиқа намуда, дар бораи ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ мубодилаи афкор карданд.Гурӯҳи нозирони байналмилалии Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷараёни мушоҳидаи дарозмуддат дар шаҳри Душанбе бо роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурданд. Дар ҷараёни мулоқот масоили иштироки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ, фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ барои ташкили комиссияҳои қитъавии интихобот, тартиби ҳамкории комиссияҳои интихоботӣ бо нозирони маҳаллию хориҷӣ муҳокима шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






