Оғози боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).- Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб аз деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Зарбдор оғоз ёфт.Дар ин ҷо бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асоси сохтмони як мактаби замонавӣ гузошта шуд, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори зодаи ҳамин деҳа Комилҷон Каримов дар зарфи 2 соли оянда сохта, ба мардуми ин деҳа ҳадя карда мешавад.Аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои мактаб аён гардид, ки он сеошёна буда, барои 1300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Ин мактаб бо тарҳу усулҳои замонавӣ бунёд ёфта, дорои тамоми шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳо, устохонаҳои ҳунаромӯзӣ, толори барҳавои маҷлисӣ, ошхона, толори универсалии варзишӣ, майдони стандартии футбол, корти теннис ва ғайра хоҳад буд.Мавриди зикри хос аст, ки то ҳоло ин деҳа танҳо як мактаби ибтидоӣ доштааст. Хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил ҳар рӯз 2 километр масофаро тай карда, ба мактаби деҳаи дигар мераванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






