Оғози боздиди Президент аз маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон
Душанбе, 9 октябр (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як зумра иншооти нави бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохташударо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони чанд бинои дигар оғоз бахшид.
Нахуст дар деҳаи Паршневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидбонгоҳи нави марзбонӣ, ки бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чунонки иттилоъ доданд, дар зарфи 4 моҳи охир дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 4 то чунин дидбонгоҳи марзбонӣ бо беҳтарин шароити хизматӣ сохта ба истифода супурда шуд. З дидбонгоҳи дигари марзбонӣ дирӯз аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои марзбонии кишвар ифтитоҳ ёфтаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки соли оянда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ боз 4 дидбонгоҳи дигар, аз ҷумла се тоаш дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд карда шавад.
Зимни боздид аз дидбонгоҳи марзбонии Тишор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шароити хизматӣ ва маишии дар он бунёдёфта баҳои баланд дод.
Калиди рамзии бинои нави ин дидбонгоҳ ба сардори дидбонгоҳ Аскаралӣ Саидов аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти Қӯшунҳои марзбонӣ ва ҳайати шахсии ин дидбонгоҳ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи манораи дидбонии марзбонӣ ҳадя карда шуд. Сарвари давлат дастур дод, ки ин туҳфаи зебо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон дастрас карда шавад.
Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави дидбонгоҳро ба марзбонони шуҷои Ватан табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






