Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 3 октябр (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маркази шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи як бинои панҷқабатаи истиқоматӣ, ки дар қабати якум ва таҳхонааш маркази савдо ва хизматрасониҳои гуногун ва хонаи ақди никоҳ ҷойгир шудааст, оғоз ёфт.Дар хонаи ақди никоҳи ин бинои зебои навбунёд тӯйи арӯсии дастаҷамъонаи хайрияи 10 ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниёзманд барпо карда шуд. Дар ҳамин толор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҳамаи 40 нафар наврасону ҷавонони аз падару модар ятиммонда кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо 1000 сомонӣ дар суратҳисобашон ва яктогӣ планшет барои кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ тақдим гардид. Туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла асбобҳои барқии рӯзгордорӣ, ҳамчунин ба 10 ҷуфти навхонадорон супурда шуд.Дар таҳхонаи бино коргоҳи дӯзандагӣ омода шудааст, ки дар он то 30 нафар занону духтарон соҳиби кори доимӣ мегарданд. Соҳибкори маҳаллӣ Файзалӣ Раҷабов, ки ин биноро бунёд намудааст, бо маслиҳати Сарвари давлат уҳдадор шуд, ки як коргоҳи калони дӯзандагии дигар бо 200 ҷойи корӣ бунёд намояд. Бо ишора ба шумораи аҳолии шаҳри Ваҳдат, ки ба 300 ҳазор нафар расидааст ва 61 ҳазор мактаббачаи он таъкид гардид, ки талаботи мардум ба либосворӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ бояд аз ҳисоби маҳсулоти корхонаҳои маҳаллӣ қонеъ гардонда шавад.Дар 4 қабати болоии бино 32 хонаи аз як то чорҳуҷрагӣ ҷойгир шудаанд, ки бо тарҳи зебову дилнишин сохтаю муҷаҳҳаз гардидаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хонаи он дидан карда, ба тарҳи бино ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






