О. Бобоев ва Т. Бухориев ба мансаби Президентӣ ба қайд гирифта шуданд
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нимаи дуюми рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи ба қайд гирифтани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарори Анҷумани Ҳизби Аграрии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Бухориев Толиббек Аҳмадович ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Анҷумани Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Бобоев Олимҷон ирсол гардида буданд.
Рӯзи 7 октябри соли 2013 ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ, аз ҷумла бланкаҳо бо имзоҳои интихобкунандагон оид ба дастгирии номзади пешбаригардида ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод шуданд.
Маводи пешниҳодгардида аз ҷониби масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳо ва маводи пешниҳодшуда ба талаботи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошанд.
Бо назардошти ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 9 октябри соли 2013 Бухориев Толибек Аҳмадович ва Бобоев Олимҷон ҳамчун номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон 15 нафар шахсони боэътимод, ки барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод гардида буданд, ба сифати шахсони боэътимод барои гузаронидани маъракаи интихоботии номзадҳо, ташвиқот бурдан ва ҳимояи манфиатҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайд гирифта шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






