Олими тоҷик — декани донишкадаи Маскав

Октябрь 21, 2013 13:28

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Ҳамдиёри мо профессор Нуралӣ Қурбонов декани факултаи муносибатҳои байналмилалӣ ва асосҳои иқтисодию ҳуқуқии истифодаи маъдани Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии ба номи Серго Орҷоникизеи Русия таъин гардид. Назар ба хабари намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, пеш аз оғози маҷлиси ботантана ба ифтихори 90 — солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия мулоқоти Сафири ҶТ дар ФР Абдулмаҷид Достиев бо ректори донишгоҳи мазкур Василий Лисов баргузор гардид. Дар ҷаласа Василий Лисов дар ҳузури роҳбарони донишкадаҳои олии асосии Русия декани навтаъин, профессор Нуралӣ Қурбоновро ба меҳмонони олиқадр муаррифӣ намуд. Хотирнишон месозем, ки Нуралӣ Қурбонов дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва солҳои охир дар донишкадаҳои Русия ҳам таҷрибаи зиёде андӯхтааст. Нуралӣ Қурбонов пеш аз таъйинот ба вазифаи декан ба ҳайси профессори кафедраи меҳнат ва сиёсати иҷтимоии Академияи хадамоти давлатии Русия дар назди Президенти ФР кор мекард.

Октябрь 21, 2013 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш