Омӯзиши соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ
Кӯлоб, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) дар мавзӯи «Омӯзиш оид ба ҷабҳаҳои гендерии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» семинар гузаронида шуда, дар он намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил Зиёева, ҳамоҳангсози лоиҳаи ТБМ, машваратчии ин ташкилот Д.Тӯрахонова ва раисони иттифоқҳои касабаи муассисаҳои худуди шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд.
Ҳадафи семинар бартараф намудани буҳрон ва таъмини меҳнати арзанда ва бехавф дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ (2010 – 2013) буд, ки аз ҷониби ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ мегардад ва он ба дастгирии тадбиқи барномаҳои ҳамкорӣ оид ба меҳнати арзанда, махсус дар раванди шуғл, муҳофизати меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ равона гардидааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






