Омодагии Сафорати Тоҷикистон ба интихобот
Анқара, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Туркия муваққатан зиндагию таҳсил менамоянд, ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрӣ мебинанд. Дар робита бо ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ 5 октябр дар маҷлиси умумии кормандони сафорат ва консулгарии генералӣ дар ҳайати 7 нафар комиссияи қитъавии интихобот ташкил гардида, раис ва котиби масъули комиссия интихоб шуданд. Тавре ки Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарифов зикр намуд, бо мақсади расонидани мадад ба роҳандозии чунин чорабинии сиёсӣ мақомоти маҳаллии ҳокимият ва сафорат ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия муроҷиатномаи дахлдор ирсол намуданд. Комиссияи қитъавӣ бо назардошти таҷрибаи интихоботи гузашта ва дар шаҳри Истамбул иқомат доштани теъдоди зиёди интихобкунандагон, аз Комиссияи марказии интихобот хоҳиш намуд, ки дар шаҳри Истамбул бунгоҳи овоздиҳӣ ифтитоҳ гардад. Дар ҷараёни омодагӣ ба интихобот ба кори тавзеҳотии байни донишҷӯёну соҳибкорон ва таҳияи маводи иттилоотӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






