“Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” – ошёни аҳли маърифат

Октябрь 9, 2013 10:28

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев таъсис гардидааст,  беш аз як моҳ мешавад дар хизмати сокинон ва меҳмонони пойтахт қарор дорад. Ҳоло аҳли илму маърифат, донишҷӯёну хонандагон ва онҳое, ки ба илму фарҳанг дилбастагӣ доранд, ҳамарӯза ба ин боргоҳи маданият омада, аз он фаровон истифода мекунанд. Ҳамакнун, сокинон имкон пайдо намуданд, ки аз фурӯшгоҳи бузурги китоб, ки дар ин маҷмаа ҷойгир мебошад, дилхоҳ китоби лозимиро пайдо ва бо нархи дастрас харидорӣ намоянд. 
Дарвоқеъ, имрӯз “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” ба бузургтарин маркази фурӯши китоб ва хизматрасонии иттилоотию маърифатӣ табдил ёфтааст. 
Пешниҳод гардидани анвои гуногуни китобҳои илмию оммавӣ, бадеӣ, ашъори шоирони маъруфи Тоҷикистону ҷаҳон, адабиёти кӯдакона ва рӯзномаю маҷаллаҳои хонданӣ дар ин кохи маърифат боиси фараҳмандии доираи васеи хонандагон гардидааст. 
Ба қавли роҳбарияти  маҷмааи “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” дар ояндаи наздик дар назар аст, ки дар таҳхонаи ин маҷмаа китобхонаи электронии фарогири беш аз 1 миллион нусха китоб ва пайванд бо тамоми китобхонаҳои электронии ҷаҳон  таъсис дода шавад. 

Октябрь 9, 2013 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд