Оё муовинони раиси шаҳр аз танбеҳ хулоса мебароранд?
Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ахиран шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини соҳавии худ Абдулҳақ Оевро, ки масъул ба бахши нақлиёти пойтахт аст, танбеҳ дод. Сабаби танбеҳ гирифтани А.Оев ба ҳал накардани муроҷиати раиси маҳаллаи Авул -1 дар мавриди то маҳаллаи Авул-2 тамдид кардани хатсайри автобуси №37 рабт дорад. Ҳамзамон раиси шаҳр ба масъулини Кумитаи заминсозии шаҳр ҷиҳати сари вақт ҷудо накардани қитъаи замин ба сокинони маҳаллаи Саҳбо танбеҳ эълон намуд. Раиси шаҳр дар ҷаласа бо қатъият гуфтааст, ки дар мавриди идома ёфтани беэътиноӣ дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба масъулини ниҳодҳои марбутаи пойтахт чораҳои шадидтар рӯи даст гирифта, аввал танбеҳ. сипас то ба ҳадди озод намудан аз вазифа ва мансаб расонида хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






