Парлумон Буҷети давлатиро қабул менамояд
Душанбе, 22 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо, 23 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро баррасӣ ва қабул менамоянд. Аз палатаи поёнии Парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар робита ба баррасӣ ва қабули Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2014 ба Парлумон ҳамзамон блоки иқтисодии кишвар даъват гардидааст. Сафаралӣ Раҷабов -раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки дар таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеа бармеоянд, ба инобат гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки буҷети соли ояндаи кишвар хусусияти иҷтимоӣ дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






