Парлумон ду санади байни ҶТ бо БАТР ва БИР-ро матраҳ сохт
Душанбе, 8 октябр.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014“ шуруъ карданд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, матраҳ шуд. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»-ро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон аъзои Шӯро Конвенсияи 144-и Созмони байналмилалии меҳнатро «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат», Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи хатарҳои соҳаи кишоварзӣ», Дар бораи Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (марҳилаи 3) муҳокима намуданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони роҷеъ ба масъалаҳои мазкур ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи ин қонунҳо ҳифзи вазъи экологӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингарди байнишаҳриву байниноҳиявии ҷумҳурӣ, берун баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани ҳолатҳое, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбутанд, ба шумор меравад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






