Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе

Октябрь 7, 2013 14:58

 
Душанбе, 7 октябр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Аз 12 то 16 октябри соли ҷорӣ дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон  бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия Рӯзҳои синамои Русия баргузор мешаванд.
 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов иттилоъ дод, дар доираи рӯзҳои синамо ба ғайр аз намоиши филмҳо  инчунин мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамои ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистону  Русия» ва дигар чорабиниҳо доир мешаванд.
 
 
 
 
 
 

Октябрь 7, 2013 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш