Рӯзи байналмилалии духтарон дар Душанбе

Октябрь 7, 2013 10:51

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Фарзона  Достонзода ). – Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе бахшида ба  Рӯзи  байналмилалии  духтарон  маросими  идона  баргузор  шуд. 
 
Тавре  ки  аз   Намояндагии  СММ  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  имсол  ин  ид  ба  мавзӯи   муносибати  навоварона  ба  таҳсилоти  духтарон  бахшида шудааст. 
 
Барномаи  чорабинӣ   иборат аз  ҳунарнамоии  варзишгарони  ҷавон  озмуну  викторинаҳо  ва  ғайра  буд.
 
Хотирнишшон  месозем, ки 19  декабри  соли  2011 Маҷмааи  Умумии Созмони  Милали  Муттаҳид  11 октябрро Рӯзи   байналмилалии  духтарон  эълон  карда буд.  

Октябрь 7, 2013 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш