Раиси вилояти Сугд ба ниёзмандон кӯмак мерасонад
Хуҷанд, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова)-Дирӯз Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба манзили сокини ин ҷамоат, зани бесарпаноҳ Наҷминисо Ёрматова омада, дар шодиву сурури оилаи ӯ шарик гардид, зеро дар ин рӯз Наҷминисо Ёрматова, ки солҳои дароз дар шароити вазнин дар як хонаи кӯчак бо се фарзандаш зиндагӣ дошт, ниҳоят соҳиби сарпаноҳ гардид. Раиси вилоят ба Ёрматова калиди хонаи истиқоматиро тақдим карда, туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо намуда, аҳли ин оиларо ба муносибати фарорасии Иди Қурбон таҳният гуфта, изҳор дошт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳамеша эътибори ҷиддӣ зоҳир мешавад. Дар ин рӯз шодиву сурури сокини ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Маърифат Раҷабоваро низ ҳадду канор набуд, зеро М. Раҷабова пас аз солҳои тӯлонии беманзилӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соҳиби сарпаноҳ гардид. Қоҳир Расулзода пас аз супоридани калиди хонаи истиқоматӣ аз дохили он дидан карда, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






